Мунтахаби Эрон қаҳрамони Осиё шуд

Мунтахаби  Эрон қаҳрамони Осиё шуд

Дар бозии финалии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба волейбол, тими миллии Эрон бо натиҷаи 3:0 дастаи мунтахаби Ҷопонро шикаст дода, маротибаи чаҳорум қаҳрамони қитъа шуд. Дар 21-умин рақобатҳои қаҳрамонии Осиё, тими миллии Эрон зери роҳбарии мураббии номдор – Беҳрӯз Аатоӣ, ки аз таркиби бозикунони ҷавону бомаҳорат истифода карда буд, натиҷаи хубе нишон дод ва танҳо бо шикаст дар як сет ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кард.

Ёдрас мекунем, ки қаблан тими миллии волейболи Эрон се маротиба қаҳрамони Осиё шуда буд. Инчунин, миллипӯшони Эрон ду бор ноиб қаҳрамон ва як бори дигар баррандаи медалҳои биринҷии мусобиқот гаштаанд.

Тими миллии Ҷопон, ки мизбонии мусобиқотро бар дӯш дошт, аз ҳама бештар дар мусобиқоти мазкур қаҳрамонӣ ба даст овардааст; ҷопониҳо нӯҳкарата қаҳрамони Осиёанд. Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба волейбол ҳар ду сол як маротиба доир мегардад.