«ПСЖ» баъди иваз кардани Месси пирӯз шуд

«ПСЖ» баъди иваз кардани Месси пирӯз шуд

Дар бозии даври 6-уми Лигаи 1-уми Фаронса дастаи «Пари Сен-Жермен» тими “Лион”-ро шикаст дод. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Парк де Пренс»-и Париж сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.

Дар дақиқаи 54 -ум голи Лукас Пакета дастаи меҳмонро ба пеш баровард. Кӯшишу талоши мизбонон самар оварду дар дақиқаи 66 -ум Неймар бо зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро баробар кард. Дар ин бозӣ ситораи нави даста Лео Месси ҳарчанд талоши гол занӣ намуд, аммо ин барояш муяссар нашуд. Дар дақиқаи 76-ум сармураббии даста ӯро до Ашраф Ҳакимӣ иваз намуд, ки ин боиси норозигии Лео гардид. Ҳамин тавр дар ин бозӣ ҳамлавари дигари аргентинии “ПСЖ” Мауро Икарди дар лаҳзаҳои охири сабқат гол ба самар расонида, пирӯзии парижиҳоро таъмин сохт.

Баъди ин бозӣ “ПСЖ” соҳиби 18 хол шуда, дар садри ҷадвал ҷой гирифтааст.