Мунтахаби Русия рақибашро торумор кард

Мунтахаби Русия рақибашро торумор кард

Мунтахаби Русия оид ба футбол дар бозии даври 9-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бар тими Кипр комёб шуд. Набарди яккачинҳо дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуда, бо натиҷаи калони 6:0 ба суди русҳо хотима ёфт. Баъди ин пирӯзӣ Русия бо касби 22 имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи “Н” гардид. Ҳоло дастаҳои пешсафи гурӯҳ Русия ва Хорватия барои роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳон-2022 муборизаро идома дода истодаанд.

Чемпионати ҷаҳон. Марҳилаи интихобӣ. Даври 9-ум

Гурӯҳи Н

Русия — Кипр — 6:0 (1:0)

Голҳо: Ерохин, 4 , 87 . Смолов, 55. Мостовой, 56. Сутормин, 62. Заболотний, 82 .