Мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаашро бо Малайзия доир кард

Мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаашро бо  Малайзия доир кард

Имрӯз дар пойтахти Малайзия шаҳри Куала- Лумпур бозии рафиқонаи дастаҳои Малайзия ва Тоҷикистон баргузор гардид. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон ба поён расида, ягона тӯбро дар дақиқаи 72-ум Муҳаммад Сафавӣ Рашид ба самар расонид. Аз оғози қисми дуюми дидор футболбозони тоҷик бо шумораи кам бозиро идома доданд, зеро ба дарвозабон Рустам Ятимов бинобар сабаби бо даст бозӣ кардани тӯб довар корти сурх нишон дод. Ҳамин тавр ин вохӯрӣ, ки як марҳилаи омодагӣ пеш аз бозӣ бо Мянмар ва Қирғизистон буд, бо бохти футболбозони тоҷик ба поён расид.

Бозии рафиқона

Малайзия - ТОҶИКИСТОН 1:0

Гол: Муҳаммад Сафавӣ Рашид 72 (1:0)

Малайзия: Моҳд Хайруллоҷон Халид, Маттие Томас, Шаҳрул Моҳд Саад, Муҳаммад Сяҳмӣ Сафарӣ, Корбин Онг Лавере, Моҳд Айдил Зафуан, Моҳд Нур Азам, Муҳаммад Сямер Кутти, Бадрул Бахтиёр, Муҳаммад Аҳёр Абдул, Муҳаммад Сафиқ Аҳмад.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров (Искандар Ҷалилов), Аҳтам Назаров, Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе (Нуриддин Давронов), Фатҳулло Фатҳуллоев (Комрон Турсунов), Ҷаҳонгир Эргашев (Муҳаммадҷон Раҳимов), Манучеҳр Ҷалилов (Шоҳрух Қирғизбоев)..

Огоҳӣ: Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон)

Довар: Ризоён бин Ҷоффри Алӣ (Малайзия)