Мунтахаби Тоҷикистон як қадами дигар ба Ҷоми ҷаҳон

Мунтахаби Тоҷикистон як қадами дигар ба Ҷоми ҷаҳон

Имрӯз, 29-уми октябр яккачини ҷавонони Тоҷикистон дар даври ¼ ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 бо яке аз тимҳои пурқуввати Осиё тими Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунад. Бозии мазкур соати 14:00 бо вақти Душанбе ба таври зинда тариқи шабакаҳои ТВ “Варзиш” ва ТВ “Футбол” баргузор мешавад. Дар сурати пирӯзии яккачини кишвар бар тими К. Ҷанубӣ роҳхати бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2019 U-20-ро ки соли оянда дар кишвари Полша баргузор мешавад, соҳиб хоҳад шуд. Инчунин дар сурати муваффақият тими Тоҷикистон дар даври нимниҳоии Чемпионати Осиё-2018 бо Қатар майдондорӣ мекунад. Ёдовар мешавем, ки чор яккачини беҳтарин аз Чемпионати Осиё-2018 ба Ҷоми ҷаҳон-2019 роҳхат пайдо мекунанд, ки аллакай тимҳои Қатар ва Ҷопон ба ин натиҷа даст ёфтанд.

Чемпионати Осиё-2018 миёни ҷавонони (U-19)

Даври ¼ ниҳоӣ

 29 октябр (душанбе)

14:00 – Кореяи Ҷанубӣ – ТОҶИКИСТОН

17:30 – Арабистони Саудӣ – Австралия

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо бо вақти Душанбе.


КОРЕЯИ ЧАНУБИ ВА ТОЧИКИСТОН.jpg