Мураббии «Барселона»-ро ҷазои сахт интизор аст

Мураббии «Барселона»-ро ҷазои сахт интизор аст

Эҳтимол аст, ки сармураббии бошгоҳи “Барселона” - Роналд Киман барои суханронӣ дар бораи системаи VAR пас аз бозии даври 7-уми Чемпионати Испания бар зидди “Реал Мадрид” (1:3) ҷазо дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар анҷоми вохӯрӣ мутахассис аз ноадолатии кори ВАР шикоят карда ва қайд кардааст, ки ин система бар зидди дастаи мо аст ва дар якчанд бозӣ нисбати мо қарори нодуруст баровардааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Федератсияи Шоҳигарии футболи Испания (RFEF) метавонад нисбати мураббии каталониҳо парванда боз кунад. Тибқи банди Кодекси интизомӣ, чеҳраи расмӣ наметавонад аз кор ва беғаразии ҳеҷ як аз доварон ё аъзои RFEF шубҳа кунад. Ин қоида пеш аз оғози мавсими ҷорӣ илова карда шуд. Тибқи иттилоъи манбаъ, ҳар мураббие, ки ин қонунро вайрон мекунад ба мӯҳлати аз 4 то 12 бозӣ муҷозот ва инчунин ба маблағи аз 601 то 3005 евро ҷарима карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки RFEF аллакай нисбати сармураббии “Бетис” Мануэл Пеллегрини парвандаи интизомӣ боз кардааст. Мутахассиси чилигӣ дар бозии даври 3-юми Ла Лига бар зидди “Реал” (2:3) кори системаи ВАР-ро ноадолатона хонда буд.

Саволи асосӣ ҳамин аст, ки чаро ВАР нисбати дигар дастаҳо ноадолатӣ мекунаду корҳои ғайрирафтории “Реал”-ро пӯшида мегирад? Ин бори аввал нест, ки ВАР ба ҷонибдории “Реал” кор мекунад. Инро ВАО-и ҷаҳонӣ борҳо ифшо намудааст.