Мураббиёни волейболи кишвар нозукиҳои ин риштаро омухтанд

Мураббиёни волейболи кишвар нозукиҳои ин риштаро омухтанд

Аз 4-ум то 12-уми октябр дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе аввалин маротиба курси байналмилалии мураббигии дараҷаи якум оид ба волейбол баргузор шуд. Ба ин курси байналмилалӣ аз тамоми манотиқи кишвар 30 мураббӣ ҷалб карда шуда буданд. Барои дар сатҳи баланд гузаштани ин семинари омӯзишӣ мураббии байналмиллалӣ - Муҳаммад Юсуф Содиқ муваззаф шуда буд. Муҳаммад Юсуф Содиқ тӯли ин як ҳафта ба мураббиён дарсҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронд.

Дар охир мураббиёне, ки дар семинар фаъолияти хуб нишон доданд, бо сертификатҳои байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд. Сертификатҳоро ба мураббиён муовини сардори Академияи вазорати корҳои дохилӣ ва худи Муҳаммад Юсуф Содиқ супориданд. Иштирокчиёни семинар аз роҳбарияти академия барои муҳайё намудани шароити баргузории семинар ва аз Федератсияи волейболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳандозӣ намудани ин курси бениҳоят манфиатбахш изҳори миннатдорӣ намуданд ва иброз намуданд, ки дониши андӯхтаашонро дар пешрафти волейболи миллӣ самаранок истифода мебаранд. Дар интиҳо тибқи анъана мураббиён бо сертифкатҳои худ аксҳои хотиравӣ гирифтанд.