Мусобиқаи Роттердам барои Маррей хотима ёфт

Мусобиқаи Роттердам барои Маррей хотима ёфт

Дар бозии даври дуюми мусобиқаи ATP ABN Amro World Tennis Tournament, ки дар шаҳри Роттердами Ҳолланд ҷараён дорад, теннисбозон Андрей Рублев ва Энди Маррей рақобат намуданд. Набарди теннисбозон дар корт муддати 1 соату 36 дақиқа идома карда, бо натиҷаи (7:5, 6:2) ба суди намояндаи Россия хотима ёфт. Дар даври навбатӣ Рублев бо ғолиби ҷуфти Давид Гоффен (Белгия) — Жереми Шарди (Фаронса) рақобат мекунад.

Роттердам (Ҳолланд)

Мусобиқаи ATP ABN Amro World Tennis Tournament

Даври дуюм             

Андрей Рублев (Россия, 4) — Энди Маррей (Британияи Кабир, WC) — 7:5, 6:2