Мусовии шогирдони Сарри дар сафар
Дар чаҳорчӯби рақобатҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо дар гурӯҳи “Е” бошгоҳи “Марсел”-и Фаронса дар майдони хонагии худ – “Велодром” дастаи “Латсио”-и Италияро ба ҳузур пазируфт. Вохӯрии дастаҳо шадид ҷараён гирифта, бо натиҷаи мусовии 2:2 ба итмом расид. Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 33-юми бо голи ба самар расонидаи футболбози дастаи мизбон - Аркадиуш Милик кушода гардид. Голи ҷавобиро дар поёни қисми якуми бозӣ Фелипе Андерсон ба ҳадаф расонида, таносубро баробар намуд. Дар оғози нимаи дуюми нерусанҷӣ ҳамлагари “Латсио” - Чиро Иммобиле дарвозаи мизбононро рахна сохта, дастаашро ба пеш баровард. Бо вуҷуди кӯшишу талошҳои зиёд шогирдони Маурисио Сарри натавонистанд, ки ғалабаро нигоҳ доранд. Чунки дар дақиқаи 82-юм Димитри Пайет бо як зарбаи дарвозакӯби худ ба голи дуюми меҳмонон ҷавоб гардонд ва дастаашро аз бохт раҳонид. Ҳамин тавр, бозии дастаҳо бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом пазируфт. Баъди ин натиҷа тими “Латсио” панҷумин имтиёзи худро соҳиб гашта, ба зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳ баромад. Дастаи “Марсел” бо доштани 4 хол як зина поёнтар аз ҳарифи худ қарор гирифт.