Санаи гузариши Хави ба «Барселона» маълум шуд
Имрӯз, 5-уми ноябр бошгоҳи “Барселона” Хавиро ба ҳайси сармураббии наваш эълон мекунад. Дар ин бора Sport.es. хабар додааст.
Вохӯрии дирӯза дар Қатар миёни намояндагони “Ал-Садд” бо Рафа Юсте ва Матеу Алеманӣ ду намояндаи “Барселона” натиҷаи мусбат дод. Хави охири ҳафта ба “Барселона” меояд ва аввали ҳафта ҳамчун сармураббии нави даста муаррифӣ мешавад. Эҳтимол Хави нахустин бозии худро дар симати сармураббигии “нилунориҳо” санаи 20-уми ноябр дар бозӣ бо “Эспанйол” баргузор мекунад.