Мусовии “Ювентус” бо рақиби азалии худ

Мусовии “Ювентус” бо рақиби азалии худ

Дар бозии даври нуҳуми Чемпионати Италия дастаи “Ювентус” бо “Интер” рақобат намуд. Бозии мазкур дар майдони “Сан-Сиро”-и шаҳри Милан доир шуда, бо ҳисоби мусовии 1-1 ба анҷом расид.

Голи мизбонони рақобатро Эдин Ҷеко дар дақиқаи 17-ум ба ҳадаф расонд. Аз ҳайати туриниҳо бошад Пауло Дибала дар дақиқаи 89-ум аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро баробар намуд. Баъди даври мазкур “Ювентус” бо доштани 15 имтиёз дар зинаи шашуми ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Дастаи “Интер” бошад 18 холро соҳиб шуда, зинаи 3-юмро касб намудааст.

Чемпионати Италия. Даври 9-ум

"Интер" - "Ювентус"

Голҳо: Э.Ҷеко 17 (1-0), Дибала, 89 (п) (1-1)