«Зенит» дастаи «Спартак»-ро ба зону шинонд
Бошгоҳи «Зенит»-и Санкт-Петербург дар бозии марказии даври 12-уми ПЛР бо тими овозадори дастаи Москва «Спартак» бозӣ намуд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуда, бо натиҷаи ғайриинтизори 7:1 ба суди мизбонон хотима ёфт. Дар ин майдондории шадид голҳои дастаи “Зенит”-ро Озмун (дубл), Клаудинйо, Мостовой, Дзюба ва Ерохин ба нишон расониданд. Ягона голи шармшикани меҳмононро бошад, Промес вориди дарвоза намуд. Бояд гуфт ин бори сеюм аст, ки дастаи «Спартак» ба дарвозааш аз “Зенит” зиёда аз 5 гол мехӯрад. Қаблан «Спартак» солҳои 1949 ва 2012 аз “Зенит” 5 гол хӯрда буд. Баъди ин пирӯзӣ “Зенит” бо касби 26 хол садрнишини ҷадвали ПЛР аст. “Спартак” бошад бо доштани 17 имтиёз дар зинаи 7-ум мавқеъ касб намудааст.
Чемпионати Русия. Премйер-лига
Даври 12-ум
«Зенит» (Санкт-Петербург) — «Спартак» (Москва) — 7:1 (4:0)
Голҳо: Озмун, 20 (1:0). Клаудинйо, 28 (2:0). Озмун, 36 (3:0). Мостовой, 45 (4:0). Промес, 53 (4:1). Мостовой, 56 (5:1). Дзюба, 80 —пеналти (6:1). Ерохин, 88 (7:1).