Муваффақияти навбатии “тӯпчиҳо”

Муваффақияти навбатии “тӯпчиҳо”

Дар бозии даври 9-уми Премйер-лигаи Англия бошгоҳҳои “Арсенал” ва “Лестер Сити” рақобат намунанд. Вохӯрии тимҳо дар варзишгоҳи “Эмирейтс” баргузор шуда, бо ҳисоби 3:1 ба суди шогирдони Унай Эмери хатм шуд. Баъди ин муаффақият бошгоҳи “Арсенал” 21 имтиёз ба даст оварда, ба зинаи 4-уми ҷадвали ПЛА баромад. Ин 7-умин пирӯзии пай дар пайи лондониҳо дар мавсими ҷорӣ ба шумор меравад. Дар даври навбатӣ “тӯпчиҳо” санаи 28-уми моҳи ҷорӣ бо тими “Кристал Пэлас” рақобат мекунанд. 

Чемпионати Англия. Даври 9-ум

"Арсенал" - "Лестер" - 3:1 (1:1)

Голҳо: Белйерин, 31 (худгол) (0:1). Озил, 45 (1:1). Обамеянг, 63 (2:1). Обамеянг, 66 (3:1). 

"Арсенал": Лено, Лихтштайнер (Гендузи, 61), Мустафи, Белйерин, Холдинг, Озил (Рэмси, 80), Мхитарян (Обамеянг, 61), Джака, Торрейра, Ляказетт, Ивоби.

"Лестер": Шмайхел, Эванс, Рикарду Перейра (Геззал, 69), Магуайр, Чилвелл, Менди, Амарти, Ндиди, Мэддисон (Окадзаки, 75), Варди, Ихеаначо (Олбрайтон, 61).