“МЮ” бо Роналду аз рақиби оштинопазир торумор шуд

“МЮ” бо Роналду   аз рақиби оштинопазир торумор шуд

Дастаҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Ливерпул” дар даври нӯҳуми Чемпионати Англия бо ҳам рақобат намуданд. Бозии мазкур дар майдони “Олд Траффорд” доир шуда, бо ҳисоби бузурги 5-0 бо пирӯзии меҳмонон ба анҷом расид. Наби Кейта, Диего Жота ва Муҳаммад Салоҳ (хет-рик) голҳои “Ливерпул”-ро ба ҳадаф расонда, пирӯзии бузурги дастаашонро таъмин намуданд. Аз ҳайати мизбонон Пол Погба, ки дар оғози қисми дуюми бозӣ Мейсон Гринвудро иваз намуд дар дақиқаи 60-ум баъди қоидавайронкунии дағалона муқобили Наби Кейта корти сурх гирифта, майдонро тарк намуд. Баъди ин пирӯзӣ “Ливерпул” бо касби 21 имтиёз дар мавқеи дуюми ҷадвали Чемпионати Англия қарор дорад. “МЮ” бошад, бо 14 хол зинаи 7-умро касб намудааст.

Чемпионати Англия. Даври 9-ум

“Манчестер Юнайтед” 0-5 “Ливерпул”

Голҳо: Наби Кейта, 5 (0-1), Диего Жота, 13 (0-2), Муҳаммад Салоҳ, 38, 45+5, 50 (0-5)