Нахустин финалисти Ҷоми Тоҷикистон-2021 маълум шуд

Нахустин финалисти Ҷоми Тоҷикистон-2021 маълум шуд

Бозии ҷавобии марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футзал миёни дастаҳои “Вавилон” ва “Соро компания” баргузор гардид. Дидори дастаҳо дар маҷмааи варзишии Кумитаи андоз доир гардида, бо ҳисоби 7:5 ба суди дастпарварони Пайрав Воҳидов хатм шуд. Пас аз ин пирӯзӣ дастаи “Соро компания” аввалин шуда, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 роҳхат гирифт. Дар дидори мазкур аз ҳайати дастаи «Соро», Комрон Алиев муаллифи хет-трик гардид. Инчунин Муҳаммад Раҷабов ва Идрис Ёров ба задани ду голӣ даст ёфтанд. Ёдовар мешавем, ки “Соро компания” дар бозии аввал бо натиҷаи 8:3 дастаболо гардида буд. Акнун рӯзӣ 7-уми ноябр “Соро компания” дар финали Ҷоми Тоҷикистон бо ғолиби ҷуфти тимҳои “Истиқлол” ва “Сипар” дидор анҷом медиҳад. Ёдовар мешавем, ки тими “Соро компания” барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар мавсими ҷорӣ инчунин дастаи Пайрав Воҳидов барандаи Шоҳҷоми кишвар ва ғолиби Лигаи касбии футзали мамлакат гардидааст.