Натиҷаи қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал

Натиҷаи қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал

Имрӯз, 6-уми декабр дар меҳмонхонаи «Олимпия»-и кишвари Туркманистон маросими қуръакашии марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал баргузор шуд. Дар ин қуръакашӣ мунтахаби футзали Тоҷикистон шомили гурӯҳи “А” шуда, бо яккачинҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё-2020 аз 26-уми феврал то 8-уми марти соли 2020 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор мешавад. Дар Чемпионати Осиё-2020 16 даста иштирок мекунад. Панҷ дастаи беҳтарини Осиё ба Чемпионати ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. 

Гурӯҳи А: Туркманистон (мизбон), ТОҶИКИСТОН, Ветнам, Уммон.

Гурӯҳи В: Ҷопон, Ливан, Қирғизстон, Кувайт.

Гурӯҳи С: Ӯзбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия.

Гурӯҳи D: Эрон, Таиланд, Ҷумҳурии Корея, Арабистони Саудӣ