Нокомии Алкарас дар даври ¼-ниҳоии мусобиқаи Masters дар Майами

Нокомии Алкарас дар даври ¼-ниҳоии мусобиқаи Masters дар Майами

Имрӯз, 29-уми март дар мусобиқаи тенниси Masters дар Майами бозии чорякниҳоӣ байни ракеткаи 12-уми ҷаҳон, теннисбози булғорӣ Григор Димитров ва ракеткаи дуюми ҷаҳон аз Испания Карлос Алкарас баргузор шуд.

Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 1 соату 33 дақиқа идома ёфта, бо ҳисоби 6:2, 6:4 ба фоидаи теннисбозӣ булғорӣ анҷом ёфт.

Ҳамакнун, Димитров дар даври нимниҳоии мусобиқаи ATP Masters бо ракеткаи панҷуми ҷаҳон, теннисбози олмонӣ Александр Зверев бозӣ мекунад. Зверев дар ин марҳилаи мусобиқот бар ракеткаи 57-уми ҷаҳон Фабиан Марозани маҷорӣ зафар ёфта буд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа дар Майами аз 20 –ум то 31-уми март баргузор мешавад. Маблағи умумии ҷоиза дар сабқати яккаса байни мардон 8,9 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолиби феълии ин мусобиқа Даниил Медведеви рус аст, ки дар бозии ҳалкунандаи соли гузашта бар Янник Синнери итолиёвӣ пирӯз шуда буд.