Нокомии ҷудочиёни тоҷик дар Grand Slam Abu Dhabi 2018
Ҷудочиёни тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Grand Slam Abu Dhabi 2018, ки рӯзҳои 27-29-уми октябр дар пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу-Даби -- доир гардид, ноком шуданд. Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 346 варзишгар (214 мард ва 132 зан) аз 62 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок карданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов шаш варзишгар шомил буд, ки дар сабқати мардон ширкат варзиданд: Мирзоҷамил Рамазонов, Раҳматуллобек Фарҳодов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Хуршед Маҷидов (+100 кг). Мирзоҷамил ва Ҷаҳонгир як пирӯзӣ ба даст оварданд, вале чаҳор гӯштигири дигари тоҷик дар аввалин рақобати худ шикаст хӯрданд. Ба ҷуз медалҳо, ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ҷоизаҳои молӣ супурда шуд: барои ҷойи 1-ум - 5000 доллар, барои ҷойи 2-юм - 3000 доллар ва барои ҷойҳои 3-юм - 1500-долларӣ. Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ мувофиқи ҷойҳои ишғолкардаашон соҳиби имтиёзҳои олимпӣ гардиданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Гурҷистон бо касби 3 медали тилло ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Россия бо касби 2 медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ҷойи дуюм ва мунтахаби Исроил бо касби ду медали тилло ва се биринҷӣ ҷойи сеюмро гирифтанд. Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик соли гузашта низ дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Grand Slam Abu Dhabi 2017 бе медал монда буданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш гӯштигир шомил буд, ки дар байни онҳо ду нафар - Комроншоҳи Устопириён ва Суҳроб Боқиев – натиҷаҳои хубтар нишон доданд. Комроншоҳ дар вазни зери 90 кило мақоми панҷум ва Суҳроб дар вазни зери 60 кило мақоми ҳафтумро соҳиб шуданд.