Норӯшании тақдири Мбаппе бо «Реал» ва муносибатҳои хуб бо президенти «ПСЖ»

Норӯшании тақдири Мбаппе бо «Реал» ва муносибатҳои хуб  бо президенти «ПСЖ»

Ояндаи Килиан Мбаппе то ба ҳол норӯшан мемонад.

Ҳамлавари фаронсавӣ, ки шартномааш бо «ПСЖ» тобистони соли ҷорӣ ба анҷом мерасад, то ба ҳол бо  «Реал» шартнома ба имзо нарасонидааст. Бо вуҷуди ин бошгоҳи мадридӣ боварии том дорад, ки бо футболбози  23-сола дар муддатҳои наздик қарордоди корӣ мебандад.

Дирӯз яке расонаҳои испанӣ El Confidencial навишта буд, ки  Мбаппе аз муҳити носолими атрофи «ПСЖ» ба дод омада, муносибати ӯ бо президенти даста Носир Ал-Хелайфӣ ниҳоят сард аст.

Расонаи дигари испанӣ Foot Mercato бошад ин маълумотҳоро рад намуда, менависад, ки Килиан муносибатҳои хуберо бо роҳбари тими парижӣ дорад, нафаре,ки ҳама вақт ӯро дастгирӣ менамуд.

Дар ҳамин мавсим ин футболбози  23-сола 37 бозӣ дар сафи «ПСЖ» дар кулли мусобиқаҳо доир намуда, муаллифи 26 гол  ва 14 ассист шудааст.

Сарчашма — Foot Mercato