Оғози мусобиқаи «Rolex Paris Masters»

Оғози мусобиқаи «Rolex Paris Masters»

Пас аз хотима ёфтани якчанд мусобиқаҳои теннис дирӯз дар шаҳри Парижи Фаронса мусобиқаи ATP Rolex Paris Masters оғоз шуд, ки теннисбозон дар даври аввали мусобиқаи мазкур рақобат анҷом доданд. Теннисбози фаронсавӣ Ришар Гаске бо намояндаи Канада Денис Шаповалов дидор анҷом дод, ки бозӣ бар фоидаи Гаске бо ҳисоби -6:4, 7:6 (7:3). хотима ёфт. Ҳамчунин Фрэнсис Тиафо (ИМА), Жоау Соуза (Португалия), Адриан Маннарино (Фаронса), Роберто Баутиста Агут (Испания), Филипп Колшрайбер (Олмон), Дамир Ҷумҳур (Босния ва Гертсеговина) ба даври навбатии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Мусобиқаи ATP Rolex Paris Masters 

Даври  аввал

Фрэнсис Тиафо (ИМА) - Николя Маю (Фаронса, Q) - 7:6 (7:1), 6:2

Ришар Гаске (Фаронса) - Денис Шаповалов (Канада) - 6:4, 7:6 (7:3)

Жоау Соуза (Португалия, Q) - Марко Чеккинато (Италия) - 7:5, 6:3

Адриан Маннарино (Фаронса) - Уго Умбер (Фаронса, WC) - 6:4, 6:2

Роберто Баутиста Агут (Испания) - Стив Ҷонсон (ИМА) - 6:4, 7:6 (7:2)

Филипп Колшрайбер (Олмон) - Робин Хаасе (Голландия, Q) - 6:7 (4:7), 6:4, 6:2

Дамир Ҷумҳур (Босния ва Гертсеговина) - Петер Гойовчик (Олмон, Q) - 6:4, 7:6 (7:5)

Таҳияи Манижа Исмоилова