Ҳоланд дастаи ояндаашро интихоб кард

Ҳоланд дастаи ояндаашро интихоб кард

Ҳуҷумкунандаи бошгоҳи "Дортмунд" Эрлиг Ҳоланд мумкин аст, корнамоии варзишиашро дар чемпионати Испания идома диҳад. Тибқи иттилоъи Marca футболбози 19 сола ҳадафи асосии бошгоҳи шоҳонаи "Реал Мадрид" дар трансфери тобистона маҳсуб меёбад. Дар бозори трансфери нархи Ҳоланд 75 млн € муқаррар гардидааст ва бошгоҳи шаҳри Мадрид омода аст, ки ин маблағро пардохт намояд.

Инчунин дастаи "Реал Мадрид" ба Лаутаро Мартинес аз дастаи "Интер" ва Тимо Вернер аз тими "Лейптсиг" мароқ зоҳир кардааст. Ҳоланд бошад, ҳадафи асосии дастаи "Реал " ба шумор меравад.

Ҳоланд бо маблағи 20 млн€ аз бошгоҳи "Ред Булл Залсбург" моҳи январи соли ҷорӣ ба дастаи "Дортмунт" гузариш кард. Дар Бундеслигаи Олмон Эрлинг дар 8 бозӣ 9 гол ва 1 партофти головар анҷом додааст.