Ғолибони мусобиқаи гӯштини юнонӣ-римӣ қадр карда шуданд

Ғолибони мусобиқаи гӯштини юнонӣ-римӣ қадр карда шуданд

Дар асоси нақшаи тақвимии чорабиниҳои оммавӣ, солимгардонӣ ва варзишӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 70 нафар варзишгар аз дастаҳои Суғд, Хатлон 1, 2 ва Душанбе 1, 2 доир гардид.

Мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи гӯштини юнонӣ-румӣ байни омма, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷаи қувваозмоиҳо аз ҳисоби ба даст овардани бисёри миқдори медалҳо байни варзишгарони дастаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷои аввалро дастаи Душанбе, ҷои дуюмро дастаи Суғд ва ҷои сеюмро дастаи Хатлон соҳиб гаштанд. Дар охир мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Давронзода Дилшод ғолибони мусобиқаи мазкурро бо медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.