Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи “Baku Grand Slam 2021”

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи “Baku Grand Slam 2021”

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар “Baku Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 5-7-уми ноябр дар Боку баргузор шуд, 195 варзишгар (128 мард ва 67 зан) аз 29 кишвари панҷ қораи дунё ширкат варзида, аз рӯи 14 дараҷаи вазнӣ (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) қувва озмуданд. Маблағи умумии мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2021” 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ба ғолибони дар ҳар як вазн 5 ҳазор евро супурда шуд. Барои ҷойи дуюм 3 ҳазор евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ тақдим гардид.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2021” мунтахаби Ҷопон бо касби 10 медал (5 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи аввалро гирифт.

Мунтахаби Русия бо касби 5 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Олмон бо касби 4 медал (2 тилло ва 2 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Мардон

-60 кг

1. ПАПИНАШВИЛИ Ҷаба (Гурҷистон)

2. ОГУЗОВ Алберт (Русия)

3. АЛИЕВ Равшан (Озарбойҷон)

3. КОНДО Ҳаято (Ҷопон)

    

-66 кг

1. САФАРОВ Орхан (Озарбойҷон)

2. ВЙЕРУ Денис (Молдова)

3. ТАНАКА Риома (Ҷопон)

3. ГОНЧАРКО Йевен (Украина)

    

-73 кг

1. МАҲМАДБЕКОВ Маҳмадбек (Русия)

2. ОЙОШИ Кен (Ҷопон)

3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)

3. ТСЕНГ-ОЧИР Тсонгтбаатар (Муғулистон)

    

-81 кг

1. АЛБАЙРАҚ Ведат (Туркия)

2. ДРУЗЕТА Доминик (Хорватия)

3. ҲОҶИЕВ Элҷон (Озарбойҷон)

3. ГОТЙЕР ДРАПО Франсуа (Канада)

    

-90 кг

1. МАШИЯМА Касуке (Ҷопон)

2. МЕҲДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)

3. ГВИНИАШИЛИ Бека (Гурҷистон)

3. МАЙСУРАДЗЕ Лука (Гурҷистон)

    

-100 кг

1. БИЛОЛОВ Ниёз (Русия)

2. ЕЛНАҲАС Шади (Канада)

3. САНЕБЛИДЗЕ Онисе (Гурҷистон)

3. ИИДА Кентаро (Ҷопон)

    

+100 кг

1. САИТО Татсуру (Ҷопон)

2. РАҲИМОВ Темур (Тоҷикистон)

3. ОДХУУ Тсесенсенгел (Муғулистон)

3. КОКАУРИ Ушангӣ (Озарбойҷон)