Шевченко мураббигии дастаи ҷолиби Серияи А-ро ба зимма гирифт
Мутахассиси украинӣ - Андрей Шевченко мураббигии дастаи «Ҷеноа»-и Италияро ба дӯш гирифт. Дар ин бора Хадамоти матбуоти бошгоҳи итолиёвӣ иттилоъ дод. Қаблан хабар дода шуда буд, ки коршиноси украинӣ бо «Ҷеноа» то соли 2024 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, аз дастаи наваш дар ҳаҷми 2 млн евро маош мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Шевченко баъди Евро-2020 вазифаи сармураббигии тими миллии Украинаро тарк кард.