“Олимпиакос” ба даври ½- ниҳоии Лигаи Конференсияҳо роҳхат гирифт

“Олимпиакос” ба даври ½- ниҳоии Лигаи Конференсияҳо роҳхат гирифт

Бозии ҷавобии даври 1/4 ниҳоии Лигаи конференсияҳо миёни тимҳои «Фенербахче» ва «Олимпиакос»-и юнонӣ анҷом ёфт. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Улкер — Шюкрю Сараҷоглу"-и шаҳри Истанбули Туркия бозӣ намуда, вақти асосӣ ва иловагӣ бо ҳисоби 1:0 (3:3 аз рӯи ду бозӣ) хотима ёфт. Вақти силсилазарбаҳои пеналти «Олимпиакос» (3:2) зӯртар баромад.

Лигаи конференсияҳо. 1/4 ниҳоӣ. Бозии 2-юм

19-уми апрели соли 2024, ҷумъа. 00:00 ДШБ

Фенербахче (Туркия) 1 : 02 : 3 Олимпиакос (Юнон)

1:0 Кахвеҷи – 11'   

Корти сурх:   Нтои – 120+4'

Дар дақиқаи 11-ум ҳисоби бозиро нимҳимоягари «Фенербахче» Ирфон Кахвеҷи аз паси голии Себастян Шимански кушод. Дар идомаи вақти асосӣ ва си дақиқаи иловашуда дастаҳо голҳоро ба самар нарасониданд. Вақти силсилазарбаҳои пеналти бошад футболбозони «Олимпиакос" зӯртар баромаданд.

Ҳамин тариқ, аз рӯи ҳисоби ду бозӣ «Олимпиакос» ба даври 1/2 ниҳоии Лигаи конференсияҳо роҳ меёбад, ки онҷо бо «Астон Вилла» бозӣ мекунад. Ин даста дар навбати худ «Лилл»-ро дар рақобати ҷавобии даври 1/4 ниҳоӣ шикаст дод, дар бозие, ки вақти асосӣ бо ҳисоби 1:2 ва силсилазарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 анҷом ёфтанд.