Олмон ЧҶ 2027 оид ба хоккейро мизбонӣ мекунад
Олмон ҳаққи мизбонии Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккейро дар соли 2027 ба даст овард. Интихоботи мизбони Ҷоми ҷаҳонии хоккей дар конгресси солонаи Федератсияи байналмилалии хоккей дар шаҳри Тампераи Финландия баргузор шуд.
Рақиби Олмон барои дарёфти ҳаққи мизбонии ин мусобиқоти сатҳи баланд кишвари Қазоқистон буд. Тибқи иттилоъ аризаи Олмон 75 ва Қазоқистон 25 фоизи овозҳоро ба даст овардаанд.
Ҳамчунин қаблан, яке аз довталабон Норвегия ба ҳисоб мерафт, ки дар моҳи январ дархости худро бозпас гирифт буд. Аризаи Олмон шаҳрҳои Кёлн, Дюсселдорф, Манхайм ва Мюнхенро дар бар мегирад, ва мусобиқа бояд дар дутои ҳамин шаҳрҳо баргузор мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки Олмон бори охир соли 2017 бозиҳои Чемпионати ҷаҳонро мизбонӣ карда буд. Дар маҷмӯъ ин кишварм аврупоӣ бори даҳум мешавад, ки чемпионати ҷаҳонро мизбонӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳони имсола, дар кишварҳои Финландия ва Латвия баргузор шудаистодааст. Мусобиқаи мазкур соли 2024 дар Чехия, соли 2025 дар Шветсия ва Дания, соли 2026 дар Швейтсария баргузор мешавад.