Ҷоми Тоҷикистон-2021 соҳиби худро ёфт

Ҷоми Тоҷикистон-2021 соҳиби худро ёфт

Имрӯз, 9-уми декабр, дар финали мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо бошгоҳи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ба масофи ҳам рафтанд. Вохӯрии тимҳо дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, бо натиҷаи 2:0 ба нафъи “Хуҷанд” анҷом ёфт.

Қисмати асосии ин рақобати ҳассос бидуни кушодани ҳисоб ба поён расид. Тибқи низомномаи Ҷоми Тоҷикистон, сардовар ин бозӣ – Беҳрӯз Муртазоев ба вақти асосии дидор 30 дақиқа (ду қисми 15-дақиқагӣ) илова намуд. Дақиқаҳои изофа намудаи доварро футболбозони шаҳри Хуҷанд самаранок истифода бурда, ду маротиба дарвозабони “Истиқлол” - Шоҳрух Қирғизбоевро маҷбур намуданд, ки тӯбро аз дохили дарвозааш берун барорад. Сараввал дар дақиқаи 107-ум нимҳимоятгари хуҷандиҳо - Ҳоҷибой Зиёев гол ба самар расонида, дастаашро дар ҳисоб ба пеш баровард. Баъдан дар дақиқаи 117-ум бозингари дигари дастаи шимоли мамлакат - Артём Сердук тӯбро вориди дарвозаи “Истиқлол” намуда, натиҷаро 2:0 кард. Бо ҳамин ҳисоб “Хуҷанд” “Истиқлол”-ро мағлуб намуда, баррандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 гардид.

Баъди анҷоми бозӣ раиси вилояти Суғд – Раҷаббой Аҳмадзода Ҷоми Тоҷикистонро ба футболбозони дастаи ғолиб тақдим намуд. Бояд гуфт, ки ин бори панҷум мешавад, ки дастаи “Хуҷанд” ҷоизадори Ҷоми Тоҷикистон мешавад. Қаблан ин даста солҳои 1997, 1998, 2002, 2008 ва 2017 дар финали мусобиқаи мазкур пирӯз шуда буд. Ба футболбозони дастаи ғолиб дар баробари медалҳои тилло ва Ҷом, инчунин, 25000 сомонӣ мукофотпулӣ супурда шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии дастаҳо 20 700 тамошобин иштирок доштааст. Хотиррасон мешавем, ки дастаи “Хуҷанд” барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқа “Равшан”-и Кӯлобро ноком карда буд. Бошгоҳи “Истиқлол” бошад, барои гирифтани роҳхат ба ин марҳила тими “Эсхата”-ро шикаст дод. Қаблан марҳилаи финалии Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ду бор бо ҳам рақобат намудаанд. Дар набарди аввал (соли 2010) душанбегиҳо бо ҳисоби 5:0 ва дар вохӯрии дуюм (соли 2017) хуҷандиҳо бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буданд.

Мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 баргузор мешавад ва аввалин қаҳрамони мусобиқаи мазкур дастаи “Помир”-и Душанбе ба ҳисоб меравад. Аз ҳама бештар дастаи “Истиқлол” ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гардидааст. Дастаи пойтахт дар таърихи худ 8 маротиба – солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудааст.