Ҷоми вилояти Хатлон-2021 насиби кӣ шуд?

Ҷоми вилояти Хатлон-2021 насиби кӣ шуд?

20-уми октябри соли ҷорӣ бозии ниҳоии Ҷоми вилояти Хатлон-2021 бо иштироки ду дастаи Лигаи дуюм – “Сарҳадчӣ”-и ноҳияи Ҳамадонӣ ва “Арал”-и ноҳияи А. Ҷомӣ доир гардид. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар баргузор гашта бо ҳисоби 2:0 бар суди дастаи "Арал" ба анҷом расид. Бо ҳамин, дастаи "Арал" барандаи Ҷоми вилояти Хатлон-2021 шуд. Тими "Сарҳадчӣ" бошад, соҳиби медалҳои нуқра гардид. Мавриди зикр аст, ки дар фарҷоми мусобиқа маросими ҷоизасупории Ҷоми вилояти Хатлон-2021 бо иштироки муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Ҳусейн Саидзода, собиқадорони футболи вилоят ва дигар шахдони расмӣ баргузор шуд.

Ҷоми вилояти Хатлон-2021. Марҳилаи ниҳоӣ.

“Сарҳадчӣ” - “Арал” 0:2