Омодагии Гризманн ба аввалин бозиаш дар ҳайати “Барселона”

Омодагии Гризманн ба аввалин бозиаш дар ҳайати “Барселона”

Ҳамлагари “Барселона” Антуан Гризманн қайд кард, ки интизор дорад аввалин бозиашро бо пероҳани бошгоҳи каталонӣ имрӯз доир кунад.

“Имрӯз ман аввалин бозиамро дар бошгоҳи “Барселона” мегузаронам. Бесаброна интизори дебюти худ дар беҳтарин бошгоҳи ҷаҳон ҳастам”, - гуфт Гризманн ба сомонаи расмии “Барселона”. Ёдовар мешавем, ки Антуан Гризманн тобистони ҳамин сол аз “Атлетико Мадрид” ба “Барселона” бо маблағи 120 млн евро гузариш кард.