Ҷопон иштирокчии дуюми Ҷоми ҷаҳон
Дар варзишгоҳи муҳташаи “Гелора Бунг Карно” шаҳри Ҷакартаи Индонезия бо иштироки 75 ҳазор мухлисон дидори даври ¼ ниҳоии Чемпионати Осиё U-19 сурат гирифт. Қаҳрамони феълии мусобиқот мунтахаби Ҷопон аз дақиқаҳои аввал нисбат ба рақиби худ бартарӣ дошт ва футболбозони ҷопонӣ пурра ба хати ҳуҷум таваҷҷӯҳ доштанд. Футболбози хати ҳимояи меҳмонон Шунки Ҳигаши панҷ дақиқа мондан то хотимаи вақти асосии нимаи якум бо як зарбаи қавии худ ҳисоби дидорро кушод. Индонезиягиҳо дар қисмати дуюми фаъол буданд ва имкониятҳои голзаниро низ соҳиб буданд, аммо як мушкилӣ нарасидани партофт ва зарбаҳои аниқ думболагири мизбонон буд. Мунтахаби Ҷопон чун аз аксулҳуҷумҳо истифода мебурд ҳамлавар Тайсей Мияширо дар дақиқаи 70-ум голи чоруми худро дар мусобиқот пас аз ҳуҷуми босуръати дастааш ба ҳадаф расонид. Баъд аз ин пирӯзӣ Ҷопон ба даври ½ ниҳоӣ роҳ ёфта, иштирокчии дуюми Ҷоми Ҷаҳон U-20 аз қораи Осиё гардид.
Таҳияи: Фаридун