Осеби Хвича Кваратсхелия то куҷо ҷиддӣ аст?

Осеби Хвича Кваратсхелия то куҷо ҷиддӣ аст?

Нимҳимоятгари тими “Наполи” ва тими миллии Гурҷистон Хвича Кваратсхелия дар бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Евро-2024 муқобили Юнон захмӣ шуд.

Нимҳимоятгари 23-сола дар дақиқаи 109-ум ба далели захмдор шуданаш майдонро тарк кард.

«Кваратсхелия аз муоинаи инструменталӣ гузашт, ки дар натиҷаи он контрактураи қавии мушакҳои рони чап муайян карда шуд», - гуфта мешавад дар хабар.

Рӯзи шанбе «Наполи» дар бозии даври 30-юми чемпионати Италия «Аталанта»-ро қабул мекунад. Ба иттилои Sky Sport Italia, ҳамлагари 23-сола мехоҳад дар ин бозӣ ширкат кунад, аммо табибони “Наполи” намехоҳанд саломатии ӯро зери хатар гузоранд, то зарари бештар надиҳад. Интизор меравад, ки Кваратсхелия ба ҳайати дастаи шаҳри Неапол барои бозӣ дохил карда нашавад.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии Гурҷистон дар зарбаҳои пеналтӣ (4:2) пирӯз шуд ва бори аввал дар таърих дар қисми ниҳоии чемпионати Аврупо бозӣ хоҳад кард.