Овечкин дар муваффақияти «Вашингтон» саҳим буд
Дастаи «Вашингтон» дар бозии чемпионати мавсимии Лигаи миллии хоккей бо тими «Оттава» рақобат намуд. Набарди ҳарифон пуршиддату тамошобоб сурат гирифта, бо натиҷаи 7:5 ба суди дастаи «Вашингтон» хотима ёфт. Хотиррасон мекунем, ки дар ин вохӯрӣ яке аз беҳтарин хокейбозон дар таърих Александр Овечкин бо ду голи задааш дар пирӯзии «Вашингтон» саҳмгузор шуд. Бояд гуфт, ки дастаи «Вашингтон» баъди 6 бозӣ соҳиби 10 имтиёз шуда, ба зинаи 3-юми ҷадвал баромад.