Оё Эл-класико бо мухлис мегузарад?

Оё Эл-класико бо мухлис мегузарад?

Бинобар пандемияи Covid-19 бозии даври 7-уми Ла Лига байни дастаҳои «Барселона» ва «Реал» бо дарҳои пӯшида доир мешавад. Мақомоти Каталония мушаххас кардаанд, ки бозӣ бо дарҳои баста баргузор мешавад, инчунин вохӯрии каталониҳо дар Лигаи Чемпионҳо бо дастаи «Ферентсварош» низ бо чунин режим доир карда мешавад.

Қоидаи муқарраркардаи УЕФА ба тамошобинон имкон медиҳад, ки дар варзишгоҳҳо то 30% ҳузур дошта бошанд. Бозӣ байни “Барса” ва “Реал” санаи 24-уми октябр дар «Камп Ноу» доир мешавад.