Оё Роналду дубора ба «Реал Мадрид» бармегардад?

Оё Роналду дубора ба «Реал Мадрид» бармегардад?

«Реал Мадрид» нақшаи дубора бозхонд кардани собиқ ҳамлагари беҳамтои худ Криштиану Роналдуро надорад. Дар ин бора AS навиштааст. 
Сомонаҳои хабарии испанӣ гуфтаанд, ки Роналду барои баргаштан аз “Ювентус” ба “Реал” ягон имконият надорад. 
Президенти бошгоҳи шоҳона - Флорентино Перес ҳарчанд ҳунари ҳамлавари португалиро васф мекунад, аммо гумон дорад, ки вақти ӯ дар “Реал” ба анҷом расид.  

«Реал» стратегияи навро таҳррезӣ намудааст, ки он ҷалби бозигарони ҷавон мебошад. Нақшаи ягонаи мадридиҳо ин ба даст овардани ҳамлагари мунтахаби Фаронса - Килиан Мбаппе аз «ПСЖ» мебошад. 

Дар Италия овозаҳо дар мавриди он, ки «Ювентус» баъд аз мушкилоти вобаста ба коронавирус, имкони пардохти маоши ситораи 35 солаи худро надорад, зиёд аст.  Маоши Роналду дар дастаи туринӣ 31 млн €-ро дар як сол ташкил медиҳад.