Панҷ медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ

Панҷ медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ

Рӯзҳои 30-юм ва 31-уми октябри соли 2021 дар шаҳри Термези Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ WKF таҳти унвони "СУРХОН ОПЕН 2021" бо иштироки беш аз 350 варзишгарон аз аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ташкил ва баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 45 нафар варзишгарон аз дастаҳои Суғду Хатлон ва ШНТМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, беш аз 40 ғолиб омада, парчами Тоҷикистонро парафшон гардониданд.

​Аз дастаи вилояти Суғд 5 нафар Ҷо-Чун-Си Руслан дар вазни +40кг сазовори ҷои сеюм, Султонов Алишер дар вазни 47кг сазовори дуюм, Фурқатзода Муҳаммадҷон +68кг сазовори ҷои дуюм ва сеюм ва Абдираҳмонов Отабек дар вазни -67кг соҳиби ҷои сеюм гардид.