Паратичи оиди Шомуродов ҳарф зад

Паратичи оиди Шомуродов ҳарф зад

Директори варзишии “Ювентус” Фабио Паратичи хабарҳоро дар бораи таваҷҷӯҳи тим ба бозигарони “Ҷеноа” Элдор Шомуродов ва Ҷанлука Скамака шарҳ дод. 
"Агар дар мавриди Скамака ва Шомуродов ҳарф занем, онҳо футболбозони хуб ҳастанд, аммо ҳайати мо айни ҳол хело мукаммал ва рақобатпазир аст. Фикр мекунам, ки “Ювентус” дар айни замон ба футболбозони ҷадид ниёз надорад ва з-инрӯ ҳоло мо ҳеҷ шитоб надорем", гуфт Паратичи.
Элдор Шомуродов футболбози мунтахаби Ӯзбекистон 25 сол дорад, ӯ моҳи октябри соли 2020 аз “Ростов” ба “Ҷеноа” гузашт. Дар мавсими ҷорӣ ӯ 12 бозӣ гузаронида, ду гол ва ду партофти головар анҷом додааст.