Уайт: "Аз Ҳабиб ҳа ё не-ро интизорам"

Уайт: "Аз Ҳабиб ҳа ё не-ро интизорам"

Ба гуфтаи президенти UFC Дана Уайт, Ҳабиб фурсат дорад, то дам гирад ва дар бораи ҳама чиз, аз ҷумла имкони бозгашташ фикр кунад. Ӯ чунин мешуморад, ки варзишгар ба набардҳо бармегардад. Уайт боварӣ дорад, ки гуфтугӯи байни онҳо дар ин мавзӯъ тӯлонӣ намешавад.
"Ин як суҳбати панҷ дақиқаӣ хоҳад буд, зеро ба ман ҳа ё не лозим аст", - гуфтааст Уайт.
Ҳабиб Нурмагомедови 32-сола дар ММА 29 вохӯрӣ доир карда, дар ҳамаи онҳо ғолиб омадааст. Баъди пирӯзии охиринаш ӯ корномаи варзишиашро ба анҷом расонид.