Пас аз Куман навбат ба Пике, Алба ва Бускетс расид
Дар ҳайати дастаи "Барселона" пас аз рафтани Роналд Куман тағйироти куллӣ ба миён меояд. Раҳбарияти "нилунориҳо" бар ин назар аст, ки даста бояд ҷавон карда шуда чанде аз бозигарони нолозимро фурӯшад, хабар медиҳад Diario Sport. Аз ҷумла, бошгоҳ аз бозии ҳимоятгарон Жерар Пике, Жорди Алба ва нимҳимоятгар Серги Бускетс норозӣ аст. "Барселона" бар он ақида аст, ки барои баъзе бозигарон дар лоиҳаи нав ҷой нест. Онҳо нақша доранд, ки бо гузоштани эҳтиром ба корномаи тӯлонии онҳо дар бошгоҳ, акнун шартномаро бо эшон қатъ намоянд.