Пауло Дибаларо дар ватани футбол интизоранд
Вақтҳои охир ситораи аргентинии бошгоҳи “Ювентус” - Пауло Дибала мавқеи худро дар ҳайати асосии бошгоҳи туринӣ аз даст додаст. Аз ин фурсати муносиб истифода карда, дастаи “Тоттенхэм” нақша дорад, ки рӯзҳои наздик Дибаларо бо арзиши 90 млн евро харидорӣ кунад. Бо хабаргузории сарчашмаҳо моҳе қабл гуфтушунид байни дастаҳо дар мавриди гузариши Пауло ба “Тоттенхэм” оғоз шуда буд. Дибала дар мавсими 2018/19 дар 42 бозии “Ювентус” ширкат карда, ба задани 10 тӯб даст ёфтааст.