Пирӯзии Ҷаҳон Қурбонов дар даври дуюми Чемпионати ҷаҳон

Пирӯзии Ҷаҳон Қурбонов дар даври дуюми Чемпионати ҷаҳон

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия ҷараён дорад. 28 октябр се варзишгари тоҷик - дар вазни 57кг Хусравхон Раҳимов муқобили Йилмар Гонзалез (Колумбия), дар вазни 67кг Саидикром Амонов муқобили Мартин Скогейм (Норвегия) ва дар вазни +92кг Ҷаҳон Қурбонов муқобили Элли Очола (Кения) ба ринг баромаданд. Аз миёни онҳо танҳо ба Ҷаҳон Қурбонов муяссар шуд, ки ба даври дигар барояд. Ӯ дар даври дуюм ҳарифи кениягиашро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд. Акнун Ҷаҳон дар даври сеюм 31 октябр бо Наренда аз Ҳиндустон муҳориба мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 26 октябр дар даври аввал Шаббос Негматуллоев дар вазни -80кг бар намояндаи Олмон Силвио Сшерле пирӯз шуда буд. Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия 24 октябр оғоз шуд ва то 6 ноябр идома меёбад. Аз ҷумҳурии мо 8 нафар дар ин мусобиқа ширкат доранд. Имрӯз - 29 октябр мо шоҳиди рақобати Абдураҳмон Ёқубов дар вазни 60кг бо Роланд Верес (Венгрия) ва Парвиз Каримов дар вазни 92кг бо Ҷамар Телей (ШМА) хоҳем шуд.

30 октябр аввалин қувваозмоиҳояшонро Баҳодур Усмонов бо Илия Шакиров (Россия) дар вазни 63.5кг ва Абдумалик Болтаев бо Сумит (Ҳиндустон) дар вазни 75кг анҷом медиҳанд. Инчунин Шаббос Негматуллоев дар рақобати дуюмаш бо Самуел Камара аз Сйера-Леоне муҳориба мекунад. Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд ва онҳо дар 13 вазн бо ҳам рақобат хоҳанд кард, ки дар таърихи баргузории қаҳрамониҳои ҷаҳон беназир аст.

Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешаванд.