Пирӯзии бузурги мунтахаби бонувони Тоҷикистон бар Туркманистон дар чемпионати CAFA-2024

Пирӯзии бузурги мунтахаби бонувони Тоҷикистон бар Туркманистон дар  чемпионати CAFA-2024

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) таҳти роҳбарии Ҳикмат Фузайлов дар даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бар тими бонувони Туркманистон бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон Марҷона Саидова беҳтарин бозигари вохӯрӣ бо тими миллии Туркманистон дониста шуд.

Ин ғалабаи аввали мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) дар чемпионати CAFA-2024 буд. Дар даври дуюм дастаи мо аз ҳамтоёни хеш аз Қирғизистон бо ҳисоби 0 бар 3 мувоҷеҳи шикаст шуда буданд.

Пас аз се даври чемпионати CAFA-2024 ҳоло Эрон ва Қирғизистон бо 6 имтиёзи садрнишини ҷадвали мусобиқот мебошанд. Дар даври чаҳорум дастаи бонувони Тоҷикистон бо тими мунтахаби Эрон рӯзи 26-уми апрел бозӣ мекунад.