Пирӯзии навбатии Хачанов
Ракеткаи якуми Россия, барандаи «Ҷоми Кремл» Карен Хачанов ба қисми дуюми мусобиқаи кушоди Вена роҳхат гирифт. Ӯ дар вохурии навбатиаш мизбони мусобиқа, дорандаи ҷоизаи WILD CARD Деннис Новакро бо ҳисоби -6:3, 7:5 мағлуб кард. Хачанови 22-сола дар даври навбатӣ бо намояндаи Ҷопон Кеи Нишикори рақобат хоҳад кард.
Мусобиқаи ATP Erste Bank Open 500
Имтиёзи ба дастовардаи иштирокчиён
Карен Хачанов (Россия) – Деннис Новак (Австрия, WC) – 6:3, 7:5
Кайл Эдмунд (Британияи Кабир, 8) – Диего Шварсман (Аргентина) – 6:3, 7:6(7:3)
Таҳияи Манижа Исмоилова