Пирӯзии Шаҳбоз дар Чемпионати ҷаҳон
Аз миёни варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон-2021 оид ба бокс, ки дар шаҳри Белгради Сербия ҷараён дорад, аввалин шуда муштзани шинохтаи кишвар, иштирокчии бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 - Шаббос Негматуллоев ба майдон баромад. Дар рақобати авввал рақиби муштзани мо намояндаи Олмон -Шерли Силвио ба ҳисоб мерафт. Рақобати варзишгарон давоми 3 раунд пурра идома карда, бо ҳисоби 3:2 ба суди муштзани тоҷик хотима ёфт. Бо ҳамин тартиб Шаббос Негматуллоев дар Чемпионати ҷаҳон-2021 рақобати аввали худро бо пирӯзӣ ҷамъбаст намуд. Ёдовар мешавем, ки Шаббос Негматуллоев дар вазни 80 кило кишвари моро намояндагӣ кард.