Португалия Ҷоми Ҷаҳонро бо ғалаба оғоз кард

Португалия Ҷоми Ҷаҳонро бо ғалаба оғоз кард

Дар доираи бозиҳои даври аввали марҳилаи  гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳони футбол дар Қатар  мунтахабҳои “Португалия” ва “Гана”  ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “974, Доҳа”  доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 2  ба суди португалиҳо  хотима ёфт.

Нимаи аввал комилан пурра  ҷониби   португалиҳо  буд, лек онҳо натавонистанд ба задани гол ноил гарданд.

Дар нимаи дуюми бозӣ португалиҳо ҷаримаи баҳсбарангез ба даст оварданд, ки онро Криштиану Роналду ба самар расонд, аммо пас аз ҳашт дақиқа Аю ҳисобро баробар кард ва интригаро ба бозӣ баргардонд. Баъди зада шудани гол ганагиҳо ба сӯи дарвозаи Коста «парвоз» карданд, вале шогирдони Сантуш  дар ин бобат ҳарифро дастгир карда, ба дарвозаи Ати-Зига паи ҳам ду тӯб заданд. Бозигарони тими миллии Гана ба ин боз як зарбаи саҳеҳ ҷавоб доданд.

Ҷоми Ҷаҳон | Гурӯҳи “Н” |Даври 1

Португалия – Гана 3:2

Голҳо: 1:0 – 65, пеналти Роналду, 1:1 – 73 Айю, 2:1 – 78 Жоау Феликс, 3:1 – 80 Рафаэл Леау, 3:2 – 89 Букари.

Португалия: Диогу Кошта, Жоау Канселу, Данилу Перейра, Рубен Диаш, Геррейру, Отавио (Вилям Карвалю, 56), Бернарду Силва (Палинья, 88), Рубен Невеш (Рафаэл Леау, 77), Бруну Фернандеш, Роналду (Гонсалу Рамуш, 88), Жоау Феликс (Жоау Мариу, 88).

Гана: Ати-Зиджи, Сейду (Лэмпти, 66), Джику (Семенйо, 90), Амарти, Салису, Баба, Парти, Кудус (Букари, 77), Абдул-Самед (Кйере, 90), Айю (Айю, 77), Уилямс.

Огоҳӣ гирифтанд: Кудус (45), Айю (49), Сейду (57), Уилямс (90), Данилу Перейра (90), Бруну Фернандеш (90).