Пул ба пулдор меравад. «Манчестер Сити» аз ҳисоби даромад дар мавсими 2020/21 дар ҷойи якум қарор гирифт

Пул ба пулдор меравад. «Манчестер Сити» аз ҳисоби даромад дар мавсими 2020/21 дар ҷойи якум қарор гирифт

Deloitte, як шабакаи байналмилалии ширкатҳои машваратӣ ва аудиторӣ гузориши молии даромади бошгоҳҳои футболии аврупоиро дар мавсими гузашта нашр кард.

Ҳамин тариқ, дар мавсими 2020/21 дастаи “Манчестер Сити”-и Англия, ки ба финали Лигаи чемпионҳои УЕФА роҳ ёфт, даромади баландтаринро ба даст овард ва ғолиби ин мусобиқа “Челси” дар раддабандӣ ҳаштум шуд. Ҷойи дуюм ба “Реал Мадрид” тааллуқ дорад ва сегонаи беҳтаринҳоро “Бавария”-и Мюнхен ҷамъбаст мекунад.

Мавқеи дастаҳо дар 20-гонаи аввал чунин аст:

“Манчестер Сити” – 644,9 миллион евро;

“Реал Мадрид” - 640,7 миллион евро;

“Бавария” – 611,4 миллион евро;

«Барселона» — 582,1 миллион евро;

"Манчестер Юнайтед" - 558 миллион евро;

Париж Сен-Жермен - 556,2 миллион евро;

«Ливерпул» — 550,4 миллион евро;

“Челси” – 493,1 миллион евро;

“Ювентус” – 433,5 миллион евро;

“Тоттенхэм” - 406,2 миллион евро;

“Арсенал” – 366,5 миллион евро;

“Боруссия” Д - 337,6 миллион евро;

“Атлетико” - 332,8 миллион евро;

“Интер” Милан – 330,9 миллион евро;

“Лестер” - 255,5 миллион евро;

“Вест Хэм” – 221,5 миллион евро;

“Вулверхэмптон” - 219,2 миллион евро;

“Эвертон” – 218,1 миллион евро;

“Зенит” - 212 миллион евро;

“Астон Вилла” – 207,3 миллион евро