Рӯз ва вақти аввалин бозии “Рейнҷерс” — “Вашингтон” маълум гардид

Рӯз ва вақти аввалин бозии “Рейнҷерс” — “Вашингтон”  маълум гардид

Рӯз ва вақти бозии аввали силсиларақобатҳо миёни дастаҳои   «Рейнҷерс» — «Вашингтон» маълум гардид. Лигаи Миллии Хоккей дар сомонаи расмии хеш рӯз ва вақти бозиҳои нахусти силсиларақобатҳо дар Конференсияи Шарқиро нашр кард.

Бозии аввал миёни дастаҳои «Рейнҷерс» ва «Вашингтон» бегоҳии рӯзи 22-юми апрел соати 00:00 дшб оғоз мегардад. Вохӯрӣ дар майдончаи хонагии «Рейнҷерс» доир мешавад.

Мавсими ҷории ЛМХ даста   бо ҳам чор бозӣ гузаронида, ду пирӯзии хонагӣ доранд: «Вашингтон бо ҳисоби 4:0 ва 3:2 пирӯз шуда, «Рейнҷерс» — бо ҳисоби 5:1 ва 2:1 аз ғалабаи хеш истиқбол гирифта буд. «Кабудпироҳандорон» дар даври аввали марҳилаи порсолаи плей-офф аз «Ню-Ҷерси» дар силсилабозиҳои иборат аз ҳафт дидор шикаст хӯрда буданд. «Вашингтон» дар мавсими-2022/2023 ба марҳилаи плей-офф баромада натавонист.

Ёдрас мекунем, ки «Рейнҷерс» дорандаи Ҷоми президентӣ баҳри пирӯзӣ дар чемпионати даврӣ шуда буданд.