Рақибони паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамони ҷаҳон маълум шуданд
Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонони то 23-сола аз 1 то 7 ноябр дар Шаҳри Белгради Сербия дар ҳоли баргузорист. Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW) дар чемпионат, ки аз рӯи равияҳои тарзи озод, юнонӣ-римӣ ва гӯштини бонувон сурат мегирад, ҳудуди 620 варзишгар аз 58 давлат ширкат хоҳанд кард.
Аз ҷумҳурии мо се нафар – Муҳаммад Икромов (57кг), Мустафо Ахмедов (70кг) дар гӯштини тарзи озод ва Далер Ризозода (77кг) дар гӯштини юнонӣ-римӣ дар ин мусобиқа ширкат доранд. Далер Ризозода (77кг) аллакай аз идомаи рақобатҳо маҳрум шудааст. Дирӯз, дар натиҷаи қуръакашӣ рақибони Муҳаммад Икромов (57кг) ва Мустафо Ахмедов (70кг) маълум шуданд.
Муҳаммад Икромов дар даври муқаддамотӣ бо Арслан Раҳимов аз Ӯзбекистон ва Мустафо Ахмедов бо Раул Зарбалиев аз Исроил рақобат мекунанд.