Раҳматулло Фузайлов: «Мо танҳо барои зинаи якуми ҷадвал мубориза мебарем»

Раҳматулло Фузайлов: «Мо танҳо барои зинаи якуми ҷадвал мубориза мебарем»

Имрӯз, 4 октябр қабл аз оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол миёни дастаҳои наврасони то 17 сола дар гурӯҳи «H» дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ доир гардид.

Дар нишаст сармураббиён ва бозигарони дастаҳои то 17 солаи Тоҷикистон, Муғулистон ва Афғонистон ширкат намуда, ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфтанд.

“ Мо бо мақсади омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканд ба хотираи гиромидошти Мираброр Усмонов ширкат карда, дар онҷо се бозӣ анҷом додем. Новобаста аз натиҷаи ғайриқаноатбахш таҷрибаи хубе дар Тошканд барои худ касб кардем ва ҳамакнун ин таҷрибаро дар марҳилаи интихобӣ истифода мекунем.

Аксари ҳайати мунтахаби моро бозигарони дастаи «Барқчӣ» ташкил карда, ҳамзамон аз Туркия ва Русия ҳам легионер дорем. Ҳамаи бозигарон дар ҳолати хубанд ва боварӣ дорам, ки ҳунарнамоии арзанда нишон медиҳанд.

Даст кашидани дастаи наврасони Тимори Шарқӣ аз ширкат дар мусобиқот хуб нест. Зеро дар дигар гурӯҳҳо панҷ тимӣ ҷойгир аст ва барои онҳо имкони дарёфти имтиёзҳо бештар мебошад. Дар чаҳоргонаи мо баромадан аз зинаи дуюм душвор хоҳад шуд. Аз ин рӯ мо танҳо барои зинаи якум мубориза мебарем”-  гуфт, Раҳматулло Фузайлов, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17).



 “Мо ба мусобиқот омодагии хеле хуб дидем ва кӯшиш мекунем, ки барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тамоми қувваи худро харҷ созем. Барои ҳар як бозигар дастгирии мухлисон муҳим мебошад, ба ин хотир тамоми ҳаводоронро ба Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ даъват менамоем”-чунин андешаашро баён кард, Абубакр Сулаймонов, узви мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17).



“ Ҳанӯз 1 моҳ пеш роҳбарии мунтахаби наврасони Афғонистонро ба дӯш гирифтам. Имкони ҷамъоварии беҳтарин наврасонро танҳо аз 3 вилояти кишвар доштем. Бо дастаи Муғулистон ва услуби бозии он ошно нестем. Довталаби асосӣ барои баромадан аз гурӯҳ дастаи Тоҷикистонро меҳисобам, чунки ҳам тими қавист ва ҳам мизбони мусобиқа аст”-зикр кард, Муҳаммадюсуф Муҳандисзод, сармураббии мунтахаби наврасони Афғонистон (U-17).


“Мо аллакай бо дастаи Тоҷикистон воӯрдаем, яъне услуби бозии онҳоро хуб медонем. Футболбозони тоҷик қавианд ва рақобат бо онҳо осон нахоҳад шуд. Мақсади мо баромадан аз гурӯҳ мебошад”-гуфт, Ҳакимхон Ниёзӣ, узви мунтахаби наврасони Афғонистон (U-17).


“ Барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 давоми 6 моҳ омодагӣ дидем. Беҳтаринҳои ин синну соли кишварро даъват кардем. Боду ҳавои Тоҷикистон барои бозӣ мусоид аст ва барои мо низ раванди мутобиқшавӣ осон гузашт. Кӯшиш мекунем дар ҳар як бозӣ 3 имтиёзӣ ба даст орем”- қайд кард, Гаридмагнай Баясгалан, сармурабби мунтахаби наврасони Муғулистон (U-17).


“ Тоҷикистон бароям писанд омад. Кишвари хеле зебост. Бо ҳамсолони тоҷики худ шинос шудем, услуби бозии онҳоро омӯхтем ва онҳоро ҳарифи қавитарини худ меҳисобем. Афғонистон низ дар ин синну сол дастаи боқувват дорад, вале мо низ барои муқобилият нишон додан бо онҳо тайёрем”, андешаашро баён кард, Итгел Балчиндорҷ, узви мунтахаби наврасони Муғулистон (U-17).


#AFCU17 #AFCU17Qualifiers #ТочикистонБаПеш