Рафа дар финали “Мастерс”-и Рим

Рафа дар финали “Мастерс”-и Рим

Қаҳрамони 20 каратаи “Тоскулоҳи бузург” Рафаэл Надал эҳсосоти худро оиди ба финал баромаданаш иброз намуд. Дар вохӯрии ниманиҳоӣ Надал дар ду сет бо ҳисоби 6:4, 6:4 теннисбози амрикоӣ Рейли Опелкаро шикаст дод.

“Ман он чиро, ки лозим буд, анҷом додам. Ин рақобатро осон шуморидан мумкин нест, дар муқобили бозигаре мисли Рейли ритми бозиро ба дасти худ гирифтан кори душвор аст.

Ман хеле хуб аз ӯҳдааш баромадам ва тӯли як ҳафта бозии мураттабро нишон додам. Ин ҳафта дар майдон бисёр бозии хуб нишон додам ва барои боварии худам баромадан ба ин финали муҳим маънои зиёде дорад” – иқтибос меорад сомонаи АТР. Қайд кардан зарур аст, ки Рафаэл Надал дар тӯли фаъолияти варзишиаш 9 маротиба дар мусобиқаи Рим қаҳрамон шудааст.