Рамос бидуни бозии расмӣ ПСЖ-ро тарк мекунад

Рамос бидуни бозии расмӣ ПСЖ-ро тарк мекунад

Муҳофизатгари испанӣ - Серхио Рамос тарки ҳайати дастаи «Пари Сен-Жермен» мекунад. Дар ин бора Get French Football News бо такия ба иттилои Le Parisen хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, даста масъалаи бекор кардани шартнома бо футболбози 35-солаи испаниро баррасӣ мекунад. Раҳбарияти бошгоҳи шаҳри Париж аз саломатӣ ва ҳолати ҷисмонии Рамос, ки ҳанӯз дар даста бозӣ нагузаронидааст, хеле нигаронанд. Мушакҳои Серхио осеб дида буд ва ӯ кӯшиш кард, ки ҳарчи зудтар ба майдон баргардад, аммо шитобкорӣ боиси он гардид, ки мушкилоти нав ба миён омад.

Ёдовар мешавем, ки Серхио Рамос моҳи июли соли 2021 футболбози ПСЖ шуд. Бо парижиҳо то соли 2023 қарордод бастааст. Ҳимоятгар ба дастаи нав ҳамчун футболбози озод гузашт. Рамос то ба ҳол дар ҳайати ПСЖ ягон бозӣ нагузаронидааст.